Тақдими эътимодномаи сафири Тоҷикистон ба муовини вазири хориҷаи Урдун
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i9247-Тақдими_эътимодномаи_сафири_Тоҷикистон_ба_муовини_вазири_хориҷаи_Урдун
Сафири Тоҷикистон дар Урдун эътимодномаи худро ба муовини вазири хориҷаи ин кишвар тақдим кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 07, 2016 15:24 Asia/Dushanbe
  • Тақдими эътимодномаи сафири Тоҷикистон ба муовини вазири хориҷаи Урдун

Сафири Тоҷикистон дар Урдун эътимодномаи худро ба муовини вазири хориҷаи ин кишвар тақдим кард.

Ба иттилои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин маросим Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Урдун алоқамандии кишварашро барои густариши равобити мутақобил бо ин кишвари арабӣ дар чорчуби манофеи дуҷониба хостор шуд.

Зубайдов ва Ноиф Алзайдан, ҳамчунин ҳамкориҳои ду ва чанд ҷонибаро дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва фарҳангии байни Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ карданд.