Октябр 12, 2022 12:14 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Амрико ба Тоҷикистон барои тақвияти амнияти марзӣ бо Афғонистон

Тоҷикистон дар чорчӯби иҷрои Барномаи иқдоми миллии қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, таҷҳизоти низомӣ барои тақвияти амният дар марз бо Афғонистон дарёфт кард.

Ба гузориши Форс, дар маросими расмии таҳвили таҷҳизоти низомӣ шомили дастгоҳҳои дид дар шаб, либосҳои вижа ва тасвирбардорҳои ҳароратӣ ба сервиси марзбонии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон Кристин Бент ва Кэвин Рошдиех, намояндагони дафтари кашф ва боздорандагии қочоқи ҳастаии вазорати энержии Амрико, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини аввал ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи Давлатии Амнияти миллӣ ва Илҳом Мирсаидзода, Директори Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ, ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ ширкат карданд.

Ин кумаки фаннӣ дар чорчӯби пружаи Дафтари кашфу боздорандагии қочоқи ҳастаии вазорати энержии Амрико барои тазмини амнияти марзҳои сабз анҷом гирифт, ки бар тақвияти зерсохтҳои сервиси марзбонии КДАМ дар имдоди марз бо Афғонистон мутамарказ аст.

Вазорати энержии Иёлоти Муттаҳида аз соли 2013 бо давлати Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо қочоқи маводи ҳастаӣ ва радиологӣ ҳамкории наздик дорад.

Дар чорчӯби ин тарҳ интиқоли либосҳои вижа, таҷҳизот барои анҷоми амалиёт дар манотиқи кӯҳистонӣ, либоси ҳифозатии вижа барои миназудоӣ, дастгоҳҳои дид дар шаб, дурбинҳои дучашмӣ ва такчашмӣ, истгоҳҳои радиоӣ, васоили нақлияи вижаи низомӣ, васоили нақлияи моторӣ, минибусҳои муҷаҳҳаз ба таҷҳизоти ҳассос барои ҳимоят аз амалиёти мубориза бо қочоқ ва ҳамчунин кашфу ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи ҳастаӣ ва радиактив, пешбинӣ шудааст.