Бузургдошти рӯзи Ҳофиз дар Тоҷикистон баргузор шуд
Маросими бузургдошти Рӯзи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бо ҳузури сафири Ҷумҳурии Исломии Эрону шахсиятҳои адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар маҳали Иттифоқи нависандагони ин кишвар баргузор шуд.
Бистуми меҳрмоҳ баробар бо 12 октябри 2022 дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ, шоири пуровозаи эронӣ, номгузорӣ шудааст.
Ҳофизи Шерозӣ, шоири пуровозаи қарни ҳаштуми ҳиҷрии қамарӣ, намоди ҳувият ва ҳофизаи таърихӣ ва фарҳангии эрониён буда ва маҳбӯбтарин шоири форсизабон аст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ин маросимро ифтитоҳ кард ва гуфт: Бузургдошти Рӯзи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар ҳақиқат бузургдошти шеъри олӣ ва саршор аз розу рамзи ҳақиқати ҳастӣ аст.
Вай нақши Хоҷа Ҳофизу соири бузургони адаби форсӣ дар таъмину таҳкими пайванд миёни мардумони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро бебадил хонд ва гуфт: Ҳеҷ миллате дар дунё ба андозаи адабиёти муштараки мо натавонистааст теъдоди бешумори бузургони адаб ва бавижа шеърро ба башарият тақдим кунад.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломӣ дар Тоҷикистон низ дар ин маросим, Ҳофизро дурахшонтарин ситораи фарҳанги порсӣ донист ва афзуд, шинохти абъоди ҷаҳонии шахсияти ҳунарии Ҳофиз, дар воқеъ эътилобахшидан ба фарҳангу маърифати ҷаҳонӣ аст.
Ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ барои ҳамагон дар ҷаҳон ошност ва ин шоири эронӣ, яке аз таъсиргузортарин шоирон дар ҷаҳон аст.
Шеърҳои Ҳофизи Шерозӣ ба забонҳои мухталиф дар Аврупо тарҷума шуда ва номи ин шоири эронӣ дар маҳофили адабии ҷаҳони Ғарб ҳам шунида шудааст ва мавриди таваҷҷӯҳи шоироне монанди Гётеи олмонӣ буд.