Гуфтугӯи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди масоили марзӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i92652-Гуфтугӯи_намояндагони_Тоҷикистону_Қирғизистон_дар_мавриди_масоили_марзӣ
Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон панҷ рӯз дар мавриди масоили марзӣ гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 15, 2022 18:23 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди масоили марзӣ

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон панҷ рӯз дар мавриди масоили марзӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистону Қирғизистон масоили таъйини хутути марзии мавриди муноқишаи ду кишварро баррасӣ карданд.

Нишасти коргурӯҳҳои ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ҷузъиёти бештаре аз ройзании панҷрӯзаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон фош нашудааст.

Фақат эълом шуд, ройзании баъдии гурӯҳҳои нақшабардории тарафайн дар Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Чанде пеш сарони кишварҳои Русия, Тоҷикистону Қирғизистон  пас аз музокироти сеҷониба, тавофуқ карданд, ки мушкилро фақат аз тариқи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал кунанд.

Музокироти сарони се кишвар ба ибтикори Русия дар Остона анҷом шуд.