Баррасии мавзуи содироту воридот ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон
(last modified Sat, 15 Oct 2022 20:48:06 GMT )
Октябр 16, 2022 01:48 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии имконоти Тоҷикистон барои сармоягузорони эронӣ
    Муаррифии имконоти Тоҷикистон барои сармоягузорони эронӣ

Утоқи бозаргонии Эрон рӯзи 23 меҳр (15 октябри 2022)дар шаҳри Машҳади устони Хуросони Разавӣ бо ҳузури тоҷирону корофаринони эронӣ ба баррасии роҳҳои содироту воридот ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Эрон пардохт.

Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон дар оғози ин семинари омӯзишӣ ба муаррифии зарфиятҳову имконоти мавҷуд дар Тоҷикистон пардохт ва аз сармоягузорони эронӣ даъват кард, ки дар барномаҳои дарозмуддати иқтисодии Тоҷикистон дар ҳавзаи энержӣ, кишоварзӣ, гардишгарӣ, ироаи хадамоти фанниву муҳандисӣ, таъсиси ширкатҳои тавлидӣ ва донишбунён, дар марҳилаи гузариши иқтисоди Тоҷикистон аз шакли кишоварзӣ ба саноатӣ ширкат кунанд ва саҳм бигиранд.

Дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон аз оби фаровон, заминҳои ҳосилхез ва манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон ёдовар шуд ва изҳор дошт, ки фаъолияти сармоягузорӣ дар манотиқи озоди иқтисодӣ аз мазиятҳои фаровоне бархурдор аст ва ширкатҳои фаъол дар ин манотиқ дар сурати доштани фаъолияти содиротӣ аз молиёт муоф ҳастанд.        

Дар ин нишаст ҳамчунин Муҳаммадҳусейни Равшанак, раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрону Тоҷикистон низ ширкат ва суханронӣ кард. Ӯ дар бахше аз суханони худ бо баёни ин ки Тоҷикистон аз лиҳози имконоти гардишгариву тафреҳӣ, камтар аз Туркияву Гурҷистон нест, аз кутоҳии Утоқи муштараки бозаргонии Эрону Тоҷикистон дар муаррифии ин имконот миёни эрониён изҳори таассуф кард. Ӯ аз мушкилоти раводид, гаронии билети ҳавопаймо, кам будани теъдоди парвозҳо ва набуди рақобат дар ин арса изҳори нигаронӣ кард ва хостори коҳиши қимати сафар ва осонсозии рафтуомад миёни Тоҷикистон ва Эрон шуд.

Оқои Муҳаммади Оқозода, мушовири Утоқи бозаргонии Эрон низ дар ин семинари омӯзишӣ бо таъкид бар ин ки сармоягузорони эронӣ аз мазиятҳои иқтисодиву сармоягузории  Тоҷикистон ғофил мондаанд, аз ҷумла рӯйи фаъолияти фаннӣ – муҳандисӣ ва фаъолиятҳои донишбунёнӣ дар Тоҷикистон таъкид кард.

Оқои Бобозода, раиси ҳайати мудираи Иттиҳоди содиркунандагони хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ низ бо таваҷҷуҳ ба оби фаровони Тоҷикистон ба сармоягузорони эронӣ тавсия дод, ки аз имконоти сармоягузорӣ дар бахши таъсиси гармхонаҳои муосир истифода кунанд. Ҳамчунин тавсияи дигари ӯ фаъолият дар бахши сохтусози воҳидҳои маскуниву тиҷорӣ ва муҳандисии барқ буд.

Дар поёни ҷаласа таъкид шуд, ки бозаргонони ду кишвари Тоҷикистону Эрон ва ҳатто шаҳрвандони ин ду кишварро лозим аст то бо барқарории иртибот аз роҳҳои мухталиф, аз зарфиятҳо ва қобилиятҳои иртиботӣ ва тиҷории якдигар огоҳ шаванд ва ҳамкории бештаре миёни туҷҷору соҳибкорон иттифоқ биафтад.

Маврид ба зикр аст, ки дар фосилаи шаш моҳи аввали соли ҷории мелодии 2022 ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 116 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи мушобеҳи соли 2021 афзоиши 3.7 баробариро нишон медиҳад.