Октябр 16, 2022 10:06 Asia/Dushanbe
  • Ин Иҷлос дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд
    Ин Иҷлос дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд

Раиси Ҷумҳӯрии Тоҷикистон аз Раиси Ҷумҳӯрии Русия хост бо кишварҳои Осиёи Миёна монанади азои собиқи Шуравӣ бархурд накунад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон, Раис Ҷумҳӯри Тоҷикистон  дар ҷараёни нишасти рӯзи ҷӯмаи сарони панҷ Ҷӯмҳурии собиқи Шуравӣ  дар Осиёи Марказӣ  ва Русия аз Владимир Путин, пурсид: Чаро бояд ба Маскав илтимос кунем то дар як нишасти ночиз дар Тоҷикистон ширкат кунад? Ин ҳаққи Тоҷикистон ба унвони шарики стратежикии Русия нест.

Ин Иҷлос дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди ин, ки чӣ чизеро нақз  карда ва ё бархурди баъде бо шумо (Русия) доштем? Хостори эҳтиром аз тарафи Маскав шуд ва афзӯд: Ниёз нест пули зиёде дар Тоҷикистон сармоягузори кунед, фақат аз шумо мехоҳам, ки дар қиболи кишварҳои Осиёи Миёна сиёсати мақбул дар пеш бигиред.

Эмомалӣ Раҳмон, аз 16-уми ноябри 1994 то ҳол Раиси Ҷумҳӯрии Тоҷикистон аст. То кунун панҷбор  интихоботи раёсат Ҷумҳӯри дар Тоҷикистон баргузор шуда ва дар ҳамаи он Эмомалӣ Раҳмон  пирӯзи  шудааст.