Октябр 16, 2022 19:02 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Узбекистон

Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Узбекистон дар ҳошияи иҷлоси Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва нишасти «Осиёи Марказӣ – Русия» дар Остонаи Қазоқистон бо якдигар дидор карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ҷараёни ин дидор, ки дар ҳошияи нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ва нишасти «Осиёи Марказӣ – Русия» дар пойтахти Қазоқистон баргузор шуд,бахши васиъе аз ҳамкории ду кишвар дар сатҳи дуҷониба ва ҳамчунин дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози хурсандӣ аз натоиҷи мусбати тавсеаи равобити шарикӣ ва ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон, дидори имрӯзро фурсате муносиб барои гуфтугӯ дар мавриди вазъият ва чашмандози дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ хонд.

Дар ин дидор сарони ду кишвар дар хусӯси густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои авлавиятдор ва мусмири самар барои ду тараф баҳсу табодули назар карданд ва иҷрои комили тавофуқоти қаблиро аз аҳдофи авлавиятдор баршумурданд.

Дар ҷараёни ин дидор ҳамчунин соири мавзуоти мавриди алоқаи тарафайн низ баҳсу табодули назар сӯрат гирифт.

 

Барчасп