Роҳёбии тимҳои футболи Истиқлол ва Куктош ба финали ҷоми 2022 Тоҷикистон
(last modified Mon, 17 Oct 2022 05:35:28 GMT )
Октябр 17, 2022 10:35 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии тимҳои футболи Истиқлол ва Куктош ба финали ҷоми 2022 Тоҷикистон

Истиқлол ва Куктош пас аз пирӯзӣ ба финали ҷоми 2022 Тоҷикистон роҳ ёфтанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дидорҳои баргашти марҳилаи ниманиҳои мусобиқоти футболи ҷоми ҳазфии Тоҷикистон 2022 баргузор шуд .
Дар ин дидорҳо тимҳои футболи " Асхата " аз Хуҷанд бо " Истиқлол " аз шаҳри Душанбе ва " Куктош " аз ноҳияи Рӯдакӣ бо " Хатлон " аз Бохтар ба масофи ҳам рафтанд .
Дидори бисёр ҷаззоб дар варзишгоҳи " Спартак "-и шаҳристони Хуҷанд байни тимҳои футболи " Асхата " ва" Истиқлол "-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.Дидори ин ду тим бо тасовии як бар як ба поён расид .
Аввалин бозии ниманиҳои ҷоми 2022 Тоҷикистон як моҳи пеш - дар 15 сентябр байни тимҳои футболи « Истиқлол » ва « Асхата » бо натиҷаи як бар сифр поён ёфта буд .
Мусобиқаи дигар дар варзишгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ байни тимҳои футболи Куктош ва Хатлон баргузор шуд,ки дар ин дидор тими мизбон бо натиҷаи 2 бар як пирӯз шуд .
Бадин тартиб дар финал тимҳои футболи « Истиқлол » ва « Куктош » барои қаҳрамонӣ дар ҷоми 2022 Тоҷикистон ба масофи якдигар хоҳанд рафт .
Дидори ниҳоӣ 29 октябр дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар баргузор мешавад .