Таъину барканориҳо дар Тоҷикистон
Писари муҳофизи раиси ҷумҳӯри Тоҷикистони мансаби ҷадидеро ӯҳдадор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо имзои фармонҳое аъзои ҷадиди Вазорати молияро таъйин ва теъдоде аз ононро барканор кард . Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, Дилшод Мурод Саидзода ба унвони узви ҷадиди ҳайати мудираи Вазорати молияи Тоҷикистон мансӯб шуд.Дилшод Саидзодаи 32 сола фарзанди генерал Муродалӣ Саидов аст, ки ҳудӯди 30 сол муҳофизи шумораи 1-и Эмомалӣ Раҳмон аст . Дар интихоботи порлумонии 2020 Дилшод Саидзода ба унвони намояндаи Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи интихобияи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе интихоб шуд . Ҳамчунин Зафар Азимӣ ва Завқибек Шодиён низ ба унвони аъзои ҷадиди ҳайати мудираи вазорати молия мансӯб шуданд . Зафар Азимӣ пеш аз ин яке аз мақомоти Палатаи ҳисоби Тоҷикистон буд . Завқибеки Шодиён ҳам аз масъӯлони собиқи Кумитаи андози Тоҷикистон буд, ки ба раёсати идораи сиёсати андоз ва даромади Вазорати молияи ҷумҳурӣ мансуб шуд .