Октябр 17, 2022 20:18 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи фанни ва ҳерфаӣ
    Тақвияти ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи фанни ва ҳерфаӣ

Созмони фанни ва ҳефаӣ эълом кард: Даври ҷадиди ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои маҳоратҳои фанни ва омузиширо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оғоз шуд.

Дувумин нишасти кумитаҳои омузиши созмони омузиш ва фанни ва ҳерфаи Эрон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ғуломҳусейни Ҳусейниниё, раиси созмони омузиши фанни ва ҳерфаи дар ин нишаст ба равобити таърихии ин ду кишвар ишора карду гуфт: Эрон бо Тоҷикистон равобити деринае дорад, ки арзишманд аст ва бояд талош кунем то равобит ва таъомули бай ду кишвар афзоиш пайдо кунад.

Ҳусайниниё афзуд: Дар давлати сездаҳум Вазорати таъовун кор ва рифоҳи иҷтимоъи тафоҳумнома бо Тоҷикистон имзо карда аст, ки дар он иқдоми муштараки се сола танзим шуда аст ва акнун низ бар асоси он амал мешавад.

Абдуғафор Раҳмонзода муъовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфт: Аз таҷрубиёти Эрон дар баҳси касбомузи ва маҳоратафзои истифода мекунем.

 

Барчасп