Афзоиши тавони нерӯгоҳи барқӣ обии "Мурғоб" бо кумаки молии Олмон
Тоҷикистон ва Олмон афзоиши тавони нерӯгоҳи барқӣ обии Мурғоб дар Бадахшонро бо кӯмаки молии Бонки рушди Олмон ба маблағи 5 миллион евро имзо карданд.
Ба гузориши сойти Авесто, ин созишномаро Сароҷиддин Аслов ва Холгер Грен-сафири Олмон дар ин кишвар имзо карданд.
Бар асоси тарҳи бозсозии нерӯгоҳи барқӣ обии Мурғоб, тавони тавлиди барқ дар ин марказ 5 баробар афзоиш хоҳад ёфт, ки заминаи таъмини сокинони ноҳияи Мурғоб бо барқ дар фасли сарморо фароҳам месозад. Зеро ноҳияи Мурғоб дар марзи Тоҷикистон ва Чин, яке аз сардтарин манотиқи ин кишвар ба ҳисоб меояд, ки дар фасли сармо дамои ҳаво ба 30 дараҷа зери сифр мерасад. Аз ин рӯ мардуми ин ноҳия ба муддати 9 моҳ дар сол, аз таҷҳизоти гармоишӣ истифода мекунанд. Ин тарҳ метавонад, тавони тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳро аз 120 мегавати фаъол ба 800 мегват афзоиш диҳад.
Акнун бо имзои ин созишнома, заминаи беҳбуди таъмини барқ барои сокинони ин ноҳия, ки умдатан домдорӣ мекунанд, фароҳам хоҳад шуд. Коршиносон мегӯянд, ки бо бозсозии нерӯгоҳи барқӣобии " Мурғоб" дар ноҳия Мурғоб ба ҷои сохти нерӯгоҳи ҷадид, имкони ҳифзи муҳити зисти ин минтақа низ муҳайё мешавад.