Октябр 18, 2022 19:09 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон бар зарурияти эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон
    Таъкиди Тоҷикистон бар зарурияти эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон

Эмомалӣ Раҳмон афзуд: Эҷоди камарбанди амниятӣ дар атроф Афғонистон барои пешгири аз вуруди террористҳоро зарури хонданд.

Муборизаи бо ДИИШ ва пешгири аз иқдомоти ДИИШ-иҳо зидди Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя яке аз аслитарин ваъдаҳои ин гуруҳ буд, аммо Толибон то кунун дар нобудии ДИИШ-иҳо ва амалиёти террористии ин гуруҳ дар дохили кишвар низ нотавон монда аст.

Аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон то имруз ДИИШ натанҳо дар Афғонистон масъулияти чандин амалиёти террористиро бар уҳда гирифт, балки борҳо аз сӯи кишварҳои ҳамсоя ба ҳамалоти бурунмарзӣ аз хоки ин кишвар мутаҳам шуда аст.

Ба гузориши хабаргузории Шафақно, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва минтақаии амният ва мудиряти марзҳо барои муқобила бо терроризм ва пешгири аз ҳаракати террористҳо бар зарурияти эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон таъкид карду гуфт, террористҳо ҳамчунон дар талоши убур аз марҳо ҳастанд.

Аз назари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди аз террористҳо аз ховари миёна ба Афғонистон мунтақил мешаванд ва фаъолияти гуруҳҳои террористи дар ин кишвар таҳдиди ҷидди барои Осиёи Миёна аст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидоти амниятии минтақаро ҷидди тавсиф кард ва дар мавриди густариши афкори ифроти дар байни ҷавонон ба махсусан ҷавонони афғон ибрози нигарони кард.

Эмомалӣ Рамҳон пештар дар мавриди омузиши даҳҳо ҳазор террорист барои анҷоми амалиёти интиҳори дар хоки Афғонистон ҳушдор дода буд.

Нишасти ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақаӣ амният ва мудирияти марзҳо барои муқобила бо терроризм ва пешгири аз ҳаракати террористҳо имруз сешанбе дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

 

Барчасп