Октябр 19, 2022 10:29 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Раҳмон ва Зас

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дидору гуфтугӯ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи конфаронси байналмилалии “ Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақаӣ, амнияту мудирияти марзҳо барои мубориза бо тероризм ва ​​ҷилавгирӣ аз тараддуди террористҳо ” бо Станислав Зас дидору гуфтугу кард.
Дар ин дидор мавзӯъоти ҳамкории Тоҷикистон дар чорчӯби Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, вазоифи ҷории ин созмон ва ҳамчунин мавзӯъоти мубрами дастури кори минтақаӣ ва байналмиллалӣ баҳсу баррасӣ шуд .
Эмомалӣ Раҳмон Созмони паймони амнияти ҷамъиро омили муҳимме дар таъмини амнияту суботи минтақа арзёбӣ кард .
Дар ин дидор тарафҳо дар хусӯси шароити сахти низомӣ ва сиёсии минтақаву ҷаҳон табодули назар карданд ва тақвияти зарфияти ҳифозат аз марзҳои Тоҷикистону Афғонистонро зарурӣ донистанд.

 

Барчасп