Нигаронии Тоҷикистон аз иқдомоти таҳрикомези Қирғизистон дар минтақаҳои марзӣ
(last modified Wed, 19 Oct 2022 14:26:53 GMT )
Октябр 19, 2022 19:26 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Тоҷикистон аз иқдомоти таҳрикомези Қирғизистон дар минтақаҳои марзӣ
    Нигаронии Тоҷикистон аз иқдомоти таҳрикомези Қирғизистон дар минтақаҳои марзӣ

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом кард бо вуҷуди тавофуқоти дуҷониба бо Қирғизистон дар мавриди минтақаҳои марзӣ, аммо иқдомоти ҷадиди аз тарафи ин кишвар бо ҳадафи ташдиди вазъият дар ин минтақаҳо анҷом мешавад.

Ба гузориши Форс, хадамоти марзбонии давлати Тоҷикистон эълом кард, ки Қирғизистон бо вуҷуди тавофуқоти мундариҷ дар протоколи 25 сентябри соли 2022 иқдомоти амдии ҷадидеро бо ҳадафи ташдиди вазъият дар минтақаҳои марзӣ анҷом медиҳад.

Бар асоси ин гузориш ин марказ иқдомоти таҳрикомези шаҳрвандони Қирғизистон бо ҳадафи бесубот кардани вазъият, омодасозии мавозеъи тирандози, эҷоди сангар, идомаи интиқоли таҷҳизоти низомии изофа ва нақзи муназами ҳарими ҳавоӣ ин кишвар ба шакли возеҳ нақшаҳои вайронкунандаи қирғизиро тайид мекунад.

Дар ин баёния омада аст: Бо вуҷуди тавофуқоти шифоҳӣ ва катби бо тарафи Қирғизистон бар хилофи мафод ва протоколи шумораи 42 аз 25 сентябри соли ҷорӣ ҳақоиқи интиқоли таҷҳизоти низомӣ, силоҳои сангин ва неруҳои изофа ба минтақаҳои марзӣ тавассути қирғизҳо сабт мешавад.

Мақоми марбутаи Тоҷикистон эълом кард, ки ҳақоиқи мукарари тамриноти низомӣ гувоҳ бар ниятҳои ғайридустонаи тарафи Қирғизистон буд ва ҳамалоти иттилоъоти аз тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъи зидди Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад.

Расонаҳои ҷамъии Қирғизистон ахиран ба таври фаъол матолиберо дар мавриди паҳподҳои нав харидоришуда ва ҳамчунин озмоиши паҳподҳои тавлидии дохилиро мунташир карданд.

Дар бахши дигари ин баёния омада аст: Сокинони рустои Оқсой бо ҷамъияти 3500 нафари мудатҳо аст, ки ба таври системотик ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва василаҳои нақлиётии онҳо ҳамла мекунанд ва танҳо ҷодаи минтақаи Ворухро масдуд ва 45 ҳазор шаҳрванди ин минтақаро дар вазъияти танҳои қарор доданд.

Тарафи тоҷикистонӣ ҳушдор дода аст, ки ҳақоиқи сабтшуда гувоҳи мустақими иқдомоти ҳадафманди тарафи қирғизи барои ташдиди вазъият ва барангехтани даргириҳои мусалаҳонаи ҷадид дар минтақаҳои марзӣ ва нифрати қавми аст.