Шиносоии беш аз 20 иқдоми таҳрикомези Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон
Беш аз 20 иқдоми таҳрикомези Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистони расад шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, аз 26 сентябр то 18 октябр 20 иқдоми таҳрикомез дар навоҳии марзӣ аз сӯи неруҳои қирғиз сабт шуд .
Идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар минтақаи Суғд эълом кард, ки иқдомоти таҳрикомезро неруҳои Қирғизистон анҷом медиҳанд . Ба гуфтаи ин манба тарафи Қирғизистон мавозиъи тирандозӣ дар марз бо Тоҷикистон эҷод карда ва таҷҳизоти низомиро ба марз овардааст .
Идораи неруҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар минтақаи Суғд ҳамчунин эълом кард алорағми тавофуқи ҳосилшуда бар асоси протоколи шумораи 42 таърихи 25 сентябри 2022, тарафи Қирғизистони иқдомоти таҳрикомезиро бо ҳадафи ташдиди авзоъ дар минтақа анҷом додааст . Дар айн ҳол гуфта шуд, ки иқдомоти моҷароҷӯёнаи шаҳрвандони қирғизистонӣ бо ҳадафи бесубот кардани авзоъ, таҳияи камини оташсӯзӣ, сохти сангар, идомаи интиқоли таҷҳизоти низомӣ ва таҷовузи муназзам ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон гувоҳӣ бар иддаоаст . Ҳамчунин аз 26 сентябр то 15 октябр ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Қирғизистон 13 бор ҳарими ҳавои Тоҷикистонро дар ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафурови минтақаи Суғд нақз карданд . Бо вуҷуди тавофуқоти шифоҳӣ ва катбӣ бо тарафи қирғизистонӣ, бархилофи мафоди протоколи шумораи 42 муаррихи 25 сентябри 2022 интиқоли таҷҳизоти низомӣ, силоҳҳои сангин ва воҳидҳои низомии изофӣ ба манотиқи марзӣ сабт шуд . Идораи неруҳои марзбонии Тоҷикистон хотирнишон кард ки ин нишонаи мустақими иқдомоти ҳадафманди тарафи қирғизистонӣ аст ки бо ҳадафи печида кардани авзоъ, доман задан ба даргириҳои мусаллаҳонаи ҷадид дар манотиқи марзӣ ва ҳамчунин таҳрики душмании миллӣ анҷом мешавад . . Хотирнишон шуд ки Тоҷикистон бар пойбандии беқайду шарти худ ба тавофуқи ҳосилшуда дар мавриди масоили марбут ба суботи авзоъ дар манотиқи марзӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуд фақат аз тариқи абзорҳои сиёсӣ ва дипломатӣ таъкид мекунад .