Кумаки 50 миллиондолларии Бонки Тавсеаи Осиё ба Тоҷикистон
(last modified Fri, 21 Oct 2022 13:41:09 GMT )
Октябр 21, 2022 18:41 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 50 миллиондолларии Бонки Тавсеаи Осиё ба Тоҷикистон

Бонки Тавсеаи Осиё кумаки молии 50 миллиондолларӣ ба давлати Тоҷикистон барои коҳиши асароти номатлуби иқтисодӣ ва иҷтимоии ношӣ аз амалиёти вижаи низомии Русия дар хоки Украинаро тасвиб кард.

Бонки Тавсеаи Осиё санадеро дар мавриди ироаи кумаки молии 50 миллион долларӣ ба давлати Тоҷикистон барои коҳиши асароти номатлуби иқтисодӣ ва иҷтимоии амалиёти вижаи низомии Русия дар хоки Украина тасвиб кард.

Тарҳи «Беҳбуди устуворӣ бо хароҷоти фаъоли зиддимарҳилаӣ»BRACE)-и Бонки Тавсеаи Осиё ба барномаи иқдоми зидди буҳронии давлат барои густариши кумакҳои иҷтимоӣ ба ақшори фақиру осебпазир, ҳимоят аз тавлиди маводи ғизоии дохилӣ, машоғили кучак ва иштиғоли муҳоҷирони бозгашта мусоидат хоҳад кард.

Евгений Жуков, мудири кулли Бонки Тавсеаи Осиё дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ гуфт: Тоҷикистон ба унвони як кишвари дорои иқтисоди нисбатан кучак, бозува воридкунандаи нафт, ба шиддат аз асароти ҷанг осеб дидааст. Ҳимояти ин бонк барои коҳиши манфии таъсири афзоиши қимати маводи ғизоӣ, нафту коҳиши вуҷӯҳи ирсолӣ, ки рушди иқтисодиро кунд ва бекорӣ ва фақрро доман мезананд, кумак мекунад.

Бо ҳимояти Бонки Тавсеаи Осиё, ба 250 ҳазор хонавори фақиру осебпазир 600 сомонӣ (59 доллар) кумаки нақдӣ ироа мешавад.

Бинобар суханони Алӣ Мумтоз, мутахассиси аршади Бонки Тавсеаи Осиё дар бахши молӣ, иқдомоти амнияти ғизоии мавриди ҳимояти барномаи бонки мазкӯр ба кишоварзони кучак барои афзоиши тавлидоти кишоварзӣ кумак мекунад. Давлати Тоҷикистон бо ин маблағ ҳамчунин маводи ғизоиро харидорӣува захира хоҳад кард то аз арзаи кофии маҳсӯлоти кишоварзӣ ва ғизоӣ имтинон ҳосил кунад.

Ҳамчунин ба манзури ҳимоят аз тиҷорату иштиғол, муҳоҷирони корӣ, ки ба ватани худ бозмегарданд таҳти омӯзишҳои ҳирфаӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ба гуфтаи Муҳаммад Бобоёров , иқтисоддони аршади Бонки Тавсеаи Осиё, ин барнома аз тариқи ду бонки давлатӣ ба ширкатҳои кучаку мутавассите, ки дар заминаи кишоварзӣ, хадамоту тиҷорат машғӯл ҳастанд, вомҳои имтиёзӣ ироа мекунад. Ин амр аз касбу корҳои буҳронзада, аз ҷумла онҳое, ки мутааллиқ ба занон аст, ҳимоят мекунад то ба беҳбӯд ва ҳамчунин ҳифзи иштиғол кумак кунад.

Бонки Тавсеаи Осиё ҳамчунин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 ҳазор доллар барои ҳимоят аз иҷрои барнома ва тақвияти системаи назорату арзёбӣ кумаки фаннӣ ироа мекунад.

Аз соли 1998, замоне, ки Тоҷикистон ба узвияти Бонки Тавсеаи Осиё даромад, ин бонк бо ироа беш аз 2.5 миллиард долларӣ аз ҷумла беш аз 1.8 миллиард доллари кумаки билоиваз, ба бузургтарин шарики тавсеаи чандҷонибаи Тоҷикистон табдил шудааст.