Дурахшиши нависандаи тоҷик дар ҳамоиши нависандагони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ
(last modified Sun, 23 Oct 2022 05:21:42 GMT )
Октябр 23, 2022 10:21 Asia/Dushanbe
  • Намояндагони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон дар ҳамоиши нависандагони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳузӯр доштанд
    Намояндагони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон дар ҳамоиши нависандагони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳузӯр доштанд

Аз намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши нависандагони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ қадрдонӣ шуд.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон, аввалин ҳамоиши нависандагони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ибтикори Иттиҳодия нависандагони Узбакистон дар Тошканд баргузор шуд, ки дар он Заҳриддин Умаров, хабарнигори рӯзномаи " Халқ овози" ва радиоии " Овози тоҷик"  низ ширкат кард ва аз ӯ қадрдонӣ шуд.

Намояндагони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон дар ҳамоиши нависандагони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳузӯр доштанд.

Сирорҷиддини Саид раиси Иттиҳодияи нависандагони Узбакистон дар маросими ифтитоҳияи аввалин ҳамоиши нависандагони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам гуфт: Ин конфронс роҳи беҳтареро барои тақвияти равобити дӯстона ва бародарона байни нависандагон ва адибони кишварҳои минтақа эҷод хоҳад кард.

Вай афзӯд: Баргузории ин ҳамоишҳо боиси тарвиҷи ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангии мутақобил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавад.