Июл 28, 2016 12:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистону Чин

Ҳамоиши муштараки баррасии заминаҳои сармоягузорӣ ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Чин дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши сойти CA News, дар ин ҳамоиш, ки ба ибтикори утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон баргузор шуд, ҳайате аз фаъолони иқтисодии Чин бо ҳамтоёни тоҷикистонии хеш роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин нишаст намояндагони беш аз 80 ширкат ва фаъолони бахши хусӯсии Тоҷикистон бо ҳайатҳои чинӣ, дар бораи роҳкорҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории дуҷониба дар заминаҳои саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ дар шароити ҷадиди иқтисодӣ, баҳсу табодули назар карданд. Ҳамчунин намояндагони Тоҷикистон дар ин нишаст хостори интиқоли фанновариҳои ҷадид барои тавлид ва арзаи маҳсӯлоти рақобатӣ дар бозорҳои минтақа аз Чин шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир Чин аз муҳимтарин шарикони иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, ки дутараф қасд доранд, то соли 2020 мизони муомилоти тиҷории хешро ба 3 миллиард доллар расонад. Мақомоти иқтисодии Тоҷикистон мегӯянд, ки тайи 10 соли ахир мизони муомилоти тиҷории ин ду кишвар бо афзоиши 60 дарсадӣ ба беш аз 2 миллиард доллар расидааст.

 

Барчасп