Дархости Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Эрон дар заминаи гиёҳони доруӣ
Вазири тандурустии Тоҷикистон, ки ба шаҳри Шерози Эрон сафар кардааст, ҳамкории дуҷонибаро дар заминаи саноъати фароварии гиёҳони доруӣ ва дорусозӣ хостор шуд .
Танаввуъи обу ҳавоӣ, ҷуғрофиёӣ ва вусъати сарзаминии Эрон боис шудааст, то ин кишвар ба яке аз кишварҳои мавриди тавваҷуҳ дар заминаи кишту парвариши гунаҳои гуногуни гиёҳони доруии муъаттар табдил шавад, ки албатта теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз гунаҳо бумии Эрон ҳастанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷамолуддин Абдуллоҳзода-вазири тандурустии Тоҷикистон дар дидор бо Муҳаммадҳодии Имония-устондори Форси Эрон, ҳадаф аз сафари худ ба Эронро рушди ҳамкории дуҷонибаи барои расидан ба иртиқои саломатии мардум унвон кард.
Абдуллоҳзода гуфт: Эрон дар дунё дар ҳавзаҳои мухталиф ба вижа пизишкӣ шинохта шудааст ва Тоҷикистон низ ба дунболи касби илму дониши пизишкӣ ва табодули таҷрибиёт матлуб аст.
Вазири тандурустии Тоҷикистон бо ишора ба ҷойгоҳи Шероз ба унвони яке аз қутбҳои пизишкӣ дар Эрону минтақа афзуд бисёре аз пизишкони тоҷик барои рушди табобат дар заминаи пайванди аъзо дар Шероз илмомӯзӣ карданд ва дар талош ҳастем аз ин фурсати муносиб барои афзоиши ҳамкориҳо истифода кунем .
Муҳаммадҳодии Имония-устондори Форси Эрон низ дар ин дидор бо эъломи омодагии марокизи дармонии ин устон барои ироаи хадамоти дармонӣ ба мутақозиёни тоҷик гуфт: Зарфияти хубе барои гардишгарии саломат дар Шероз фароҳам шудааст.
Имония сиёсати давлати Ҷумҳурии исломии Эронро иртиботи наздик, бардавому танготанг бо кишварҳои дусту ҳамсоя унвон кард .
Эрон ҷузви аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли давлати Тоҷикистонро ба расмияти шинохт ва аввалин кишваре буд ки сафоратхонахои худро дар шаҳри Душанбе доир кард ; ҳеҷ кишварӣ ба андозаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон иртиботи наздик ва дилбастагӣ надораду иллати он ҳам қаробатҳои нажодӣ,торихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва забонии миллатҳои ду кишвар аст .
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон низ Тоҷикистон аз ҷойгоҳи болое бархурдор аст ва Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз равобити ду кишвар ба унвони " равобити хешовандӣ " ёд кардаанд .