Кумаки 43 миллион долларии Бонки тавсеаи Осиё барои беҳбуди ҷодаҳои Тоҷикистон
(last modified Sat, 29 Oct 2022 08:15:33 GMT )
Октябр 29, 2022 13:15 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 43 миллион долларии Бонки тавсеаи Осиё барои беҳбуди ҷодаҳои Тоҷикистон

Бонки тавсеаи Осиё барои беҳбуди эминии ҷодаҳои ҷануби Тоҷикистон ба ин кишвар беш аз 43 миллион доллар кумаки молӣ ироа мекунад .

Бонки тавсеаи Осиё кумаки молии изофӣ ба маблағи 43.2 миллион доллар барои беҳбуди эминии ҷодаҳои ҷануби Тоҷикистон тасвиб кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Евгений Жуков-мудири кулли Бонки тавсеаи Осиё дар Осиёи марказӣ ва ғарбӣ бо эъломи ин матлаб гуфт, ки бахше аз ин кумаки ройгон барои густариши дастрасии занон ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сарф мешавад .
Вай афзуд : Бо тавваҷуҳ ба кӯҳистонӣ будан,  дастрасӣ  надоштан ба уқёнус ва ҳамлу нақл тавсеанаёфта ҷодаҳо дар ҷобаҷоии афроду коло дар Тоҷикистон нақши калидиро ифо мекунанд .
Бинобари суханони ӯ Бонки тавсеаи Осиё барои беҳбуди долонҳои калидии ҷодаи байналмилалӣ кумакҳои ҳамаҷониба ироа кардааст ва акнун дар ҳоли тақвияти шабакаи ҷодаҳои дохилӣ аст .
Бо маблағи ироашуда 40 километр аз ҷодаи « Оқмазор » то « Бохтар »-и устони пурҷамъияти Хатлони Тоҷикистон бозсозӣ хоҳад шуд .
Хотирнишон шуда ки ин кумаки молӣ мукаммили кумаки дигаре ба маблағи 67.5 миллион доллар аст, ки дар соли 2020 барои бозсозии бахшҳое аз ҷодаҳои « Данғара – Оқмазор » ва « Ҳулбук – Кангурт », тавсеаи системаи мудирияти ҷодаҳо,беҳбуди дастрасии занон ба имконоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тасвиб шудааст .
Бонки тавсеаи Осиё бузургтарин кумаккунандаи молии чандҷонибаи Тоҷикистон аст, ки аз соли 1998 то кунун беш аз 2.5 миллиард доллар ба ин кишвар ироа карда, ки беш аз 1.8 миллиард доллар аз он кумаки ройгон аст .