Гаравгонгирӣ барои 100 ҳазор доллар дар Турсунзода
Нақшаи як гурӯҳи ҷиноӣ дар шаҳри Турсунзода барои гаравгонгирӣ ва ба даст овардани 100 ҳазор доллар ба шикаст анҷомид.
Ба гузориши сойти Озодагон, ҳудуди соати 7:30 дақиқаи субҳи рӯзи шашум декабр яке аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода бо фиреби писари 17 солае, худро яке аз дӯстони падар ӯ муаррифӣ карда ва ба ӯ гуфтааст, ки навҷавонро бо мошинаш ба мактаб хоҳад расонд.
Навҷавон низ ба гуфтаҳои ин мард итминон карда ва савори мошини ӯ шудааст, аммо аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ, ӯро ба хонае дар шаҳри Турсунзода бурда даст ва пои ӯро бастаанд ва сипас бо падари ин писар тамос гирифта барои раҳоии фарзандаш аз ӯ 100 ҳазор доллар талаб кардаанд.
“Пас аз ба Вазорати корҳои дохилӣ ворид гардидани ахбороти дахлдор, оиди ҳодисаи гаравгонгирӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ созмон дода шуда, амалиёти махсус амалӣ карда шуд”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, зимни амалиёт ки соати 23:30-и 6-уми декабр гузаронда шуд, 3 гумонбари ҷинояти гаравгонгирӣ дастгир гардида, 1 нафари онҳо ҳангоми озод намудан ва ҷой доштани таҳдид ба ҷону саломатии ноболиғ безарар гардонида шуд: “Ноболиғи ба гаравгон гирифташуда, бе бардоштани зарари ҷисмонӣ озод карда шуда, ба волидайнаш баргардонида шуд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт аз тарафи шаҳрвандон ва кормандони мақомот касе осеб надидааст”.
Гуфта мешавад, ноболиғи рабудашуда писари собиқ натариуси шаҳри Турсунзода будааст.