Октябр 31, 2022 19:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 50 ҳунарманд ва 3 филми синамоӣ Эрон дар Тоҷикистон
    Ҳузури 50 ҳунарманд ва 3 филми синамоӣ Эрон дар Тоҷикистон

Вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ ҳафтаи фарҳангии Эронро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард ва 50 ҳунарманди эронӣ ва 3 филми синамоӣ ба ин руйдод эъзом шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ бомдоди имруз вориди шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон шуд то ҳафтаи фарҳангии Эронро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кунад.

Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 30 то 6 ноябр бо ҳузури беш аз 50 ҳунарманди арсаҳои мухталифи фарҳангӣ ва ҳунарӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтари Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҳамзамон бо баргузории ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон, ҳафтаи филми Эрон низ дар ин кишвар ба намоиши филмҳои Писарони Дарё, Румонисми Имод ва Тубо ва ҳамчунин Тахти баргузор мешавад.

Вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ дар дидор бо Зулфи Давлатзода ҳамтои тоҷикистонӣ дар маҳали китобхонаи миллии пойтахти ин кишвар аз рунамоӣ осори мактуби шоирони тоҷикӣ, ки китобҳояшон дар Теҳрон ба чоп расид хабар дод.

Барпоӣ ҳафтаи филми Эрон рунамоӣ аз 24 асари хушнависи бо унвони "Чароғи дустгонӣ, устоди кова темури" шеърхонии шоирон ва адибон, шоҳномахони ва нақоли, ҳунарнамоӣ паҳлавонон ва зурхонаӣ, иҷрои мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ ҳунармандони таҷасуми ва саноати дасти бахше аз барномаҳои ҳунармандони эронӣ дар қолаби ин ҳафта фарҳангӣ хоҳад буд.

Исмоилӣ ҳамчунин аз вазири фарҳанги Тоҷикистон даъват кард то дар вижабарномаҳои наврузи ба унвони як мероси таърихи ширкат кунад.

 

Барчасп