Ноябр 02, 2022 12:42 Asia/Dushanbe
  • Сафир  пешини Тоҷикистон дар Ҳиндустон ҳам таъкид кард дар заминаи  шоири бо шоирони эронӣ ҳамкрории хубе дорад
    Сафир пешини Тоҷикистон дар Ҳиндустон ҳам таъкид кард дар заминаи шоири бо шоирони эронӣ ҳамкрории хубе дорад

Ҳамзамон бо баргузории ҳафтаи фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон, бархе шоирони номии тоҷикӣ дар гуфтугӯи ихтисоси бо хабаргузории Эрон Пресс дар шаҳри душанбе, шеъри форсиро пули иртиботии фарҳангии ду миллат донистанд.

Ба гузориши Садои Хуросон Аскари Ҳаким шоири тоҷикистонӣ гуфт: Замоне, ки дар бораи Тоҷикистон ва Эрон сухан гуфта мешавад бояд бар ягонагии ин фараҳанг таъкид кард, чаро, ки ҳамаи осори таърихӣ ва фарҳангӣ дар хати муштараки сарзамине ба мардуми дукишвар таълуқ дорад, зеро ватан, забон ва фарҳанги ягона доранд. 

Аскари Ҳаким афзӯд:  Вақте аз Рӯдакӣ , Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъди ва Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ суҳбат мекунем дастовардҳое сарзамини муштараки мардуми Эрон ва Тоҷикистон ҳастанд ва ин бузурон ба башарияти ҷаҳонӣ хидмат кардаанд.

Ҳамчунин Мирзот Шакурзода, узви иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон низ гуфт, беш аз 50 китоб навишта, ки бештари онон дар бораи забон ва адабиёти форсии тоҷики аст ва ҷои бисёр хушҳоли аст, ки равобити фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон муҷаддадан дар ҳоли эҳё аст.

Шакурзода изҳор кард, дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон беш аз 100 китоби шоирон ва нависандагони тоҷикӣ дар Тенҳрон ва Душанбе тавассути дустони эронӣ чоп шудааст.

Сафир  пешини Тоҷикистон дар Ҳиндустон ҳам таъкид кард, дар даврони фаъолияти дипламатик бо Ҷумҳӯрии Исломи Эрон равобити хубе дошта ва акунун низ дар заминаи  шоири бо шоирони эронӣ ҳамкрории хубе дорад.