Таеквондокорони Тоҷикистон 13 медали мусобиқоти “Namangan Open” -ро ба худ ихтисос доданд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i93506-Таеквондокорони_Тоҷикистон_13_медали_мусобиқоти_namangan_open_ро_ба_худ_ихтисос_доданд
Сеюмин давраи мусобиқоти байналмилалии таеквондои “Namangan Open” дар рӯзҳои 25 то 29 октябр дар шаҳри Намангони Узбакистон баргузор шуд, ки таеквондокорони Тоҷикистон муваффақ ба касби 13 медал шуданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Ноябр 02, 2022 20:03 Asia/Dushanbe
  • Таеквандокорони тоҷик бо 6 медали тилло аз Узбакистон бозгаштанд
    Таеквандокорони тоҷик бо 6 медали тилло аз Узбакистон бозгаштанд

Сеюмин давраи мусобиқоти байналмилалии таеквондои “Namangan Open” дар рӯзҳои 25 то 29 октябр дар шаҳри Намангони Узбакистон баргузор шуд, ки таеквондокорони Тоҷикистон муваффақ ба касби 13 медал шуданд.

Ба гузориши “Ховар”, дар ин мусобиқот варзишкорон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Қирғизистон ва Узбакистон ширкат карданд.

Ин мусобиқот байни хурдсолон, навҷавонон, ҷавонон ва бузургсолон баргузор шуд.

Тибқи эъломи Федератсияи таеквондо (WT) –и Тоҷикистон, 37 варзишкор, 10 мураббӣ ва 4 довар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқот ширкат карданд ва бо 13 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба кишвар бозгаштанд.