Ноябр 03, 2022 12:12 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҷашнвораи дӯстии ҷавонон ва варзишкорони шаҳри Душанбе

Ҷашнвораи дӯстии ҷавонону варзишкорони Душанбе оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сеюмин ҷашнвораи дӯстии ҷавонону варзишкорони Душанбе бо номи «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст»  оғоз шуд.

Ин ҷашнвора дар 7 риштаи гӯштини миллӣ, шоҳмот, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, футбол, баскетбол ва волейбол баргузор мешавад ва то 13 ноябр идома хоҳад дошт.

Ҳадаф аз баргузории ҷашнвора, истифодаи муассир аз имконоти варзишӣ бавижа майдонҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакону навҷавонон ва иҷрои варзишҳои ҳамагонӣ дар ростои тақвияти сабки зиндагии солим эълом шуд.

 

Барчасп