Ноябр 03, 2022 13:51 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти рӯзноманигори боздошт шудаи тоҷик бо хонавода

Завқибек Саидаминӣ бо модару ҳамсараш дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони дастгиршудаи тоҷик, баъд аз 4 моҳи боздошт бо модару ҳамсари худ дар Боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе дидор ва ҳудуди нимсоат суҳбат кардааст.

Ҳабиса Ятимова, модари рӯзноманигори боздошт шуда гуфт: " Ҳудуди нимсоат бо писараш суҳбат кард ва Завқибек Саидаминӣ бештар аз кудаконаш пурсед."

Вай идома дод, “аз пушти шиша, тариқи телефон суҳбат кардем. Саломатии ӯ хуб буд, ҳеҷ нишонаи озору зарб ва шиканҷа надошт аз чизе шикоят накард. Бештар ҳоли кудаконашро пурсид. Мо ҳам аз кудаконаш ва аз ҳолу аҳволи худамон гуфтем. Руҳияш ҳам хуб буд”.

Кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат, Завқибекро июли имсол ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” боздошт карданд ин дар ҳоле аст, ки худ  ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.

Парвандаи Завқибики 38 - соларо додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бар асоси қисми 2 - модаи 307 (нишонаи 3) баррасӣ мекунад.