Боздиди 685 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон дар 9 моҳи 2022
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i93560-Боздиди_685_ҳазор_гардишгари_хориҷӣ_аз_Тоҷикистон_дар_9_моҳи_2022
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 870 ҳазор хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 03, 2022 18:47 Asia/Dushanbe
  • Боздиди 685 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон дар 9 моҳи 2022

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 870 ҳазор хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бинобар омор таи ин муддат беш аз 870.7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли 2021, 526.7 ҳазор нафар ( 2. 5 баробар ) бештар аст .
Дар соли ҷорӣ бештар аз ҳама ба Тоҷикистон шаҳрвандони Узбекистон сафар карданд . Теъдоди онҳо 575.1 ҳазор нафар ё 66 дарсад аз кулли боздидкунандагон ҳастанд .
Теъдоди атбоъи Русия, ки аз ибтидои соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд 225 ҳазор ( 25 дарсад ), Қазоқистон 18 ҳазор ( 2. 1 дарсад ), Иёлоти Муттаҳида 5.4 ҳазор нафар ( 0.6 дарсад ), Туркия 5.2 ҳазор ( 0.6 дарсад ), Қирғизистон 3.5 ҳазор ( 0.4 дарсад ), Афғонистон 2.5 ҳазор ( 0.3 дарсад ) будааст .
Бар асоси омор беш аз 685.3 ҳазор нафар аз кули боздидкунандагон ( бар асоси равиши шиносии Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ ) ба унвони гардишгар арзёбӣ мешаванд . Ин нишондод дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 3.7 баробар бештар аст .