Ноябр 03, 2022 18:55 Asia/Dushanbe
  • Бо ҳузури вазири фарҳангу иршоди исломӣ  “Чароғи дӯстгонии” Эрону Тоҷикистон равшан шуд

Аз 40 асари нафиси хушнависӣ, ки ривояти мавзун аз умқи равобити фарҳангии ду миллати Тоҷикистон ва Эрон аст бо ҳузури вазири фарҳангу иршоди исломӣ рӯнамоӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маҷмӯъаи 40 асари нафиси хушнависӣ ба хати устод Коваи Темурӣ ороста шудааст .
Албоми чиҳил асари нафис бо унвони ” Авроқи рангини чароғи дӯстгонӣ”, ки ривоятии мавзун аз умқи равобити фарҳангии ду миллати Тоҷикистон ва Эрон аст бо ҳузури вазири фарҳангу иршоди исломӣ, Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд .
Ашъори саршор аз отифаву лабрез аз ишқ ба муштаракоти фарҳангӣ дар ин маҷмӯъа беҳтарин эҳсосоти ду миллатро ба забони ҳунар баён кардааст . Ҳамнишинии шеър,хат ва ҳунар  тазҳибнамое аз ҳунари эрониро дар пайванд бо ҳунари Тоҷикистон арза доштааст, ки мухотаб аз он лаззат хоҳад бурд .
 

 

Барчасп