Афзоиши 18 дарсадии тавлиди маҳсулоти саноати дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 06 Nov 2022 07:03:16 GMT )
Ноябр 06, 2022 12:03 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 18 дарсадии тавлиди маҳсулоти саноати дар Тоҷикистон
    Афзоиши 18 дарсадии тавлиди маҳсулоти саноати дар Тоҷикистон

Дар 9 моҳи имсол корхонаҳои саноатии Тоҷикистон 30011.2 миллион сомонӣ маҳсул тавлид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон бар асоси гузориши идораи омори Тоҷикистон омили аслии рушди бахши саноат бештар аз афзоиши ҳаҷми тавлиди саноати маъдан ба мизони 7.4 дарсад, саноати тавлид ба мизони 16.5 дарсад, таъмини об, назофат, фароварии зубола ва фаровардаҳои сонавия бо 16.2 дарсад буда аст.

Идораи омори Тоҷикистон ҳамчунин гузориш дод, ки дар саноати маъдан дар январ то сентябри соли 2022 ба арзиши 6933.1 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид шуд ва ҳаҷми тавлиди маҳсулоти саноати нисбат ба январи соли 2021 ба нархи муқоиса 7.4 дарсад афзоиш ёфт.

Ба гуфтаи манбаъ нархи рушди саноати маъдан аз назари анвоъи маҳсулоти тавлиди нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта ба далели кони сангҳои фелези 7 дарсад, ангиштсанг 20.1 дарсад, анвоъи маводи маъдани 3 дарсад буда аст.

Дар ҳоли ҳозир арзиши тавлидоти саноати табдили дар соли ҷорӣ 17726.6 милион сомонӣ аст, ки аз ин мизон муҳсулоти ғизоӣ ба ҳамроҳи нушиданӣ ва танбоку 6521.5 миллион сомонӣ, тавлиди маҳсулоти бофандагӣ ва духт 2774.4 миллион сомонӣ, тавлид аз чуб ва коғаз фаъолиятҳои интишорот 264 миллион сомонӣ, тавлиди фаровардаҳои нефти 54.9 миллион сомонӣ тавлиди фаровардаҳои кимёӣ 246.1 миллион сомонӣ ҳаргуна маҳсулоти маъдании ғайри фулузот 2509.7 миллион сомонӣ, тавлидоти металогия ва тавлиди маҳсулоти фулузоти ниҳоӣ 4705.1 буда аст.