Сафир: Ҳафтаҳои фарҳангӣ дар тавсеаи равобити Эрону Тоҷикистон таъсир дорад
Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ду кишвар ба сабаби иштирокҳои забонӣ, фарҳангӣ ва динӣ, қаробатҳои зиёде доранду баргузории ҳафтаҳои фарҳангӣ дар тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба таъсир дорад.
Муҳаммадтақии Собирӣ дар бораи натоиҷи баргузории ҳафтаҳои фарҳангии Эрону Тоҷикистон дар ду кишвар тасреҳ кард, дар давраи ҷадид барои тавсеаи равобит, рӯйдодҳои ҳафтаи фарҳангӣ бисёр қобил таваҷҷуҳ аст.
Вай гуфт, Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон пас аз ҳудӯди 14 сол ва Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон пас аз ҳудӯди 11 сол баргузор шуд ва бо истиқболи густардаи мардум рӯ ба рӯ шуд.
Собирӣ тасреҳ кард, баргузории Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистону истиқболи хуби мардуми ин кишвар, нуқтаи шурӯи дигаре барои тавсеаи фаъолиятҳост ва бо таваҷҷуҳ ба иштирокҳои фарҳангӣ, баргузории ҳафтаҳои фарҳангӣ натоиҷи худро дар моҳҳои оянда нишон медиҳад.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни сафари вазири фарҳангу иршоди Эрон ба Душанбе ва сафари вазири фарҳанги Тоҷикистон ба Эрон ҳар ду тараф бар тавсеаи равобит дар ҳамаи абъод таъкид доштанд.
Собирӣ изҳор кард, ончӣ акнӯн муҳим аст, иродаи Ҷумҳурии исломии Эрону Тоҷикистон барои тавсеаи равобит дар ҳамаи заминаҳост ва ду кишвар дар чанд соли ахир ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсии хубе доштанд.
Вай гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тавсеаи зерсохти Тоҷикистон мушорикати хубе дорад ва дар сохти нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда 2” ва эҳдоси туннели “Истиқлол” нақшофаринӣ кардааст.