Азми Кореяи ҷанубӣ барои сармоягузорӣ дар роҳи оҳани ҷануби Тоҷикистон
(last modified Tue, 15 Nov 2022 07:38:33 GMT )
Ноябр 15, 2022 12:38 Asia/Dushanbe
  • Азми Кореяи ҷанубӣ барои сармоягузорӣ дар роҳи оҳани ҷануби Тоҷикистон

Дар дидори вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон ва намояндагони Бонки содироту воридоти Кореяи ҷанубӣ сохти хати ҷадиди рейлӣ дар ҷанубии ин кишвар баррасӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Азим Иброҳим-вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон ва намояндагони Бонки содироту воридоти Кореяи ҷанубӣ таҳти раёсат Янкю Ҷо -мудири барномаи ҳамкории иқтисодӣ ва навоварии ин кишвар бо якдигар дидору гуфтугу карданд .
Дар ҷараёни ин дидор идомаи сохту сози роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷ » мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Тарафи кореяӣ дар ин дидор дар мавриди ироаи кумак ба Тоҷикистон дар тавсеаи мутолиъоти имконсанҷӣ барои ин роҳи оҳани ибрози алоқамандӣ кард .
Дар солҳои ахир равобити Тоҷикистону Кореяи ҷанӯбӣ дар тамомии заминаҳо аз ҷумла дар арсаи муҳоҷирати корӣ рӯ ба беҳбуд ниҳодааст; ба вижа баъд аз чандин музокираи ду тараф дар мавриди раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон  дар таърихи 10 октябр бар асоси як тавофуқи дуҷониба аввалин гуруҳ аз муҳоҷирони кории тоҷик ба Кореяи ҷанубӣ рафтанд .
Бар асоси Ожонси омори Тоҷикистон ҳаҷми кулли тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Кореяи ҷанубӣ дар 9 моҳаи имсоли 35.2 миллион доллар баровард шуда, ки дар қиёс ба замони мушобеҳи соли 2021 милодӣ 6.1 дарсад афзоиш ёфтааст . Гардиши тиҷории ду кишвар тақрибан ба таври комил бо воридоти колоҳои кореяӣ ба Тоҷикистон муртабит аст .
Чорчуби қонунии Тоҷикистону Кореяи ҷанубӣ шомили 9 тавофуқномаи байнидавлатӣ аст .
Шоёни зикр аст, ки дар декабри соли гузашта дар чорчуби ҳамоиши ҳамкории Кореяи ҷанӯбӣ ва кишварҳои Осиёи марказӣ, Сеул аз қасди худ барои мушорикат дар иҷрои пружаҳое дар заминаи ҳамлу нақл дар Тоҷикистон хабар дода буд .