Гузориши Душанбе аз рушди иқтисодии Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рушди иқтисодии ин кишварро 7.8 дарсад эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”, ин вазоратхона бо судури иттилоияе рушди иқтисодии Тоҷикистон дар 9 моҳи ибтидои соли 2022-ро 7. 8 дарсад, муодили 79. 3 миллиард сомонӣ (7. 7 миллиард доллар) эълом кард.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон саҳми бахши кишоварзӣ дар ин рушди иқтисодиро 7. 8 дарсад бештар аз порсол ва 25 дарсад тахмин задааст. Бино бар ин гузориш, саҳми тавлидоти саноатӣ низ дар рушди иқтисодии 9 моҳаи аввали соли ҷорӣ низ бо 18 дарсад афзоиш нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 17. 7 дарсад будааст.
Тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон дар соли 2021-ум 9.2 дарсад, муодили 98. 9 миллиард сомонӣ (8. 7 миллиард доллар) эълом шуда буд.