Дидори тасвирии вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо сафирони ин кишвар дар хориҷ
(last modified Thu, 31 Mar 2022 15:57:45 GMT )
Март 31, 2022 20:57 Asia/Dushanbe
  • Дидори тасвирии вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо сафирони ин кишвар дар хориҷ

Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидори видеоӣ бо сафирону намояндагиҳои сиёсии ин кишвар дар хориҷ, бар зарурати фаъолтар шудани онон барои густариши равобити иқтисодиву тиҷорӣ таъкид кард.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Завқӣ Завқизода дар дидор бо сафирони Тоҷикистон дар Эрон, Узбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Покистон, Туркманистон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Қирғизистон, Малайзия, Ҳинд ва сарконсклҳои ин кишвар дар шаҳрҳои Уфа, Укатеринбург ва Новосибирски Русия густариши равобити иқтисодиву тиҷориро яке авлавиятҳои фаъолияти онон номид.

Вай бо ишора ба Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқобила бо буҳрони Украина, хостори талоши бештари сафирони ин кишвар дар хориҷ барои ироаи роҳкорҳои таъсиргузор дар ҷиҳати густариши равобити иқтисодиву тиҷории Тоҷикистон шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

 

Барчасп