Ноябр 19, 2022 11:03 Asia/Dushanbe
  • Вазирони дифои ИДМ шеваи истифодаи Тоҷикистон аз радарҳои шиносоиро баррасӣ карданд

Иҷлоси ҳамоҳангии истифода аз системаи якпорчаи шиносоӣ ( радар ) тавассути Тоҷикистон бо ҳузури вазирони кишварҳои ИДМ дар Душанбе баргузор шуд .

Иҷлоси ҳамоҳангии истифода аз системаи якпорчаи шиносоӣ ( радар ) тавассути Тоҷикистон бо ҳузури вазирони кишварҳои ИДМ дар Душанбе баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин ҷаласа намояндагони неруҳои мусаллаҳи кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва ҳамчунин дабирхонаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ ширкат карданд .
Дар ин нишаст натоиҷи иқдомот дар соли ҷорӣ ҷамъбандӣ шуд ва ҷанбаҳои амалии баргузории рӯйдодҳои муштарак дар соли оянда ҳамоҳанг ва беҳбуди чорчуби қонунии ҳамкориҳои низомӣ ва омӯзиши мутахассисон дар заминаи шиносоии радарӣ  мавриди тавваҷуҳи вижа қарор гирифтанд.
Дар поёни ин иҷлос намояндагони неруҳои мусаллаҳи кишварҳои ширкаткунанда баррасии созмондиҳии истифода аз васоили системаи шиносоии давлатӣ дар воҳидҳои низомӣ ва зермаҷмӯъаҳои неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро оғоз карданд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп