Содироти 10 капсули оксиди уран аз Тоҷикистон ба Амрико
(last modified Sat, 19 Nov 2022 13:33:14 GMT )
Ноябр 19, 2022 18:33 Asia/Dushanbe
  • Содироти 10 капсули оксиди уран аз Тоҷикистон ба Амрико

Тоҷикистон иҷозаи содироти 10 капсули оксиди уран ба Иёлоти муттаҳида барои таҷзия ва таҳлил тавассути вазорати энержии ин кишварро содир кард.

Тоҷикистон иҷозаи содироти 47 грамм оксиди уранро барои таҷзия ва таҳлил тавассути Идораи амнияти миллии ҳастаии вазорати энержии Иёлоти муттаҳида, содир кард.

Фармони марбутаи давлати Тоҷикистон, ки дар вебсайти Бонки марказии иттилооти ҳуқуқии вазорати додгустарии ин кишвар мунташир шудааст, дар 31 октябри соли ҷорӣ, имзо шудааст.

Дар ин фармон омадааст, иҷозаи хурӯҷи намунаҳои маводи ҳастаӣ - 10 (даҳ) қитъа капсулаи оксиди уран бо вазни куллии 47  грамм аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури таҷзия ва таҳлили он дар Идораи амнияти миллии ҳастаии вазорати энержии Иёлоти муттаҳида, дода шавад .

Бар асоси ин фармон кантролу иҷрои ин қатънома бар ӯҳдаи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ, Хадамоти гумрук, Ожонси эминии шимиёӣ, биологӣ ва ҳастаии Академияи миллии улуми Тоҷикистон гузошта шудааст.