Мувафақияти варзишкори тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии пауэрлифтинг
Ноябр 20, 2022 11:04 Asia/Dushanbe
Варзишкори тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии пауэрлифтинг ду нишони касб кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бахтиёр Раҳимов варзишкори тоҷикистонӣ ноиб раиси Федератсияи пауэрлифтинг, бадансози ва фитенси Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии пауэрлифтинги ҷаҳони ду нишон 1 тилло ва 1 нуқра ба даст овард.
Мусобиқоти ҷаҳонии пауэрлифтинг дар шаҳри Орландои Флоридаи Амрико баргузор шуд.
Бахтиёр дар мусобиқоти пауэрлифтинг медали тилло ва дар мусобиқоти вазнабардории истода медали нуқра касб кард вай танҳо намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқот буд.