Ноябр 21, 2022 18:58 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон мизбони рузҳои фарҳангии Тоҷикистон
    Туркманистон мизбони рузҳои фарҳангии Тоҷикистон

Рузҳои фарҳангии Тоҷикистон ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Ашқобод ва Марии Туркманистон баргузор мешавад.

Ба гузориши Форс рузҳои 23 то 25 ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳрҳои Ашқобод ва Марии Тукрманистон рузҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Раёсати ҳайати Тоҷикистон дар сафар ба Туркманистонро Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги ин кишвар бар уҳда хоҳад дошт.

Дар ин рузҳо баргузории руйдодҳои мухталиф аз ҷумла намоишгоҳи ҳунармандони муъосири Тоҷикистон, асарҳои ҳунарии зебо, маҳсулоти чопи ва либосҳои миллӣ дар шаҳрҳои Ашқобод ва Марии Туркманистон барномарези шуда аст.

Шоёни зикр аст, ки рузҳои фарҳангии Туркманистон дар моҳи октиябри соли 2018 дар Тоҷикистон баргузор шуда буд дар он замон 350 нафар аз аъзои ҳайати расми ва халоқи Туркманистон вориди шаҳри Душанбе шуда буданд.

 

Барчасп