Декабр 10, 2016 15:00 Asia/Dushanbe
  • Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳинд дар рӯзҳои наздик

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон охири ин ҳафта дар раъси як ҳайати олирутба барои сафари расмӣ озими Ҳинд мешавад.

Ба гузориши ИРНА, тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, амният ва дифоъ аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистону Ҳинд эълом шудааст.

Ин шашумин сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳинд аст, ки 14 декабр оғоз мешавад ва ба муддати панҷ рӯз идома хоҳад ёфт. Раҳмон охирин бор соли 2012 ба ин кишвар сафар карда буд. Нарендро Моди, нахуствазири Ҳинд низ охирин бор моҳи июни соли 2015 аз Душанбе боздид карда буд.

Тоҷикистону Ҳинд равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва низомии густурдае бо якдигар доранд. Фурудгоҳи низомии Айнӣ соли 2007 бо 70 миллион доллар сармояи Ҳинд бозсозӣ ва таҷҳиз шудааст. Ҳамчунин Ҳинд дар Тоҷикистон як бемористони низомии дорои 50 кати хобро дар вилояти Хатлон сохта, ки моҳи октябри соли 2014 ба баҳрабардорӣ расидааст. Дар ду даҳаи гузашта миёни Тоҷикистону Ҳинд беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, ҳамакнун дар Тоҷикистон беш аз 50 корхона бо сармояи Ҳинд фаъол аст.

 

Барчасп