Тақдими устуворномаи сафирони нав ба раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон
Сафирони нави Русия, Куба, Мексика, Аргентина, Чад ва Гана устуворномаҳои худро ба раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон тақдим карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон зимни табрики оғози фаъолияти сафирони нав дар Душанбе гуфт, ки кишвараш таи даврони истиқлоли худ бар мабнои сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи мавсум ба « дарҳои боз » бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон равобити дӯстонаву ҳамкориҳои ба таври мутақобил судманд барқарор кардааст .
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо ишора ба таъомулоти фаъолу дӯстона ба кишварҳои ёдшуда ибрози умедворӣ кард, ки сафирони нав барои таъмиқу густариши равобит бо Тоҷикистон талошҳои лозимро хоҳанд кард .
Вай ҳамчунин изҳор дошт ки давлати Тоҷикистон алоқаманди афзоиши таъомулоти иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо кишварҳои ёдшуда буда ва дар ин росто аз талошҳои сафирони нав ҳимоят хоҳад кард .