Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Наришкин
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон имруз бо Сергей Наришкин, масъули хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия, ки бо сафари кори ба Тоҷикистон сафар карда аст дидору гуфтугу кард.
Ба гузориши Ховар, дар ин дидор аз мавзуъоти муртабит бо амният дар чорчуби мушорикати роҳбурдии ду кишвар мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.
Дар ин замина тарафайн таваҷҷуҳи махсуси ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва Русия дар замина хадамоти махсус доштанд, ки ба таври мунтазам дар тули таърихи 30 солаи равобити дипломатики байни Тоҷикистон ва Русия рушд ёфта аст ба ҳамин далел бар аҳамияти тақвияти бештари ҳамориҳо дар мубориза бо терроризм, ифротигароӣ ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ махсусан қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои кибенетики ва дигар навъи таҳдидот амнияти милллӣ таъкид шуд.
Тарафайн дар хусуси ҳамоҳангии бештари иқдомот дар ростои муқовимат дар баробари хатароти мавҷуд, ки ба вижа бо раванди густариши идеалогияи ифротигароӣ мазҳаби муртабит аст баҳсу табодули назар карданд.
Афғонистон низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт дар ин гуфтугу дар бораи мавзуъоти мубрам дастури кори байналмиллалӣ ва минтақаӣ табодули назар шуд.