Эътирози Аслов ба амалкарди САҲА
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро ба истифода аз стандартҳои дугона дар бархӯрд бо гурӯҳҳои сиёсӣ ва давлатҳо муттаҳам кард.
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар иҷлоси Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар Ҳамбурги Олмон аз он чӣ ҳузури афрод ва гурӯҳҳои ҷинояткор дар нишастҳои ин созмон хонд, ба шиддат интиқод кард. Вазирони умури хориҷии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар ин иҷлос дар баёнияе ислоҳи рӯйкарди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро хостор шуданд.
Дар яке аз бандҳои ин баёния ба пешниҳоди Тоҷикистон ширкати афрод ва гурӯҳҳои ҷинояткор дар ҳамоишҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо маҳкум шудааст.
Чанди пеш хабарҳое аз ширкати аъзои бархе гурӯҳҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҷаласаи солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мунташир шуд, ки ин мавзӯъ норизоиятии Тоҷикистонро ба дар пай дошт. Ҷаласаи солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо 23 сентябр баргузор шуд, ки дар он ҷаласа ҳайати Тоҷикистон дар эътироз ба ҳузури намояндагони аҳзобу гурӯҳҳои мамнӯъ ҷаласаро тарк кард.