Баррасии афзоиши ҳамкории байни Тоҷикистону Юнон дар ҳавзаи тиҷорат
Дар таърихи 22 ноябр Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Екатерина Насика-сафири нави Юнон дар ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард .
Дар ин дидор мавзӯъоти афзоиши ҷараёни тиҷории байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Юнон баррасӣ шуда дар мавриди ҳамкориҳои замонавӣ, чашмандози густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Юнон ва соири мавзӯъоти мавриди алоқа табодули назар карданд .
Дар ин дидор мавзӯъоти таъсиси корхонаҳои муштарак дар манотиқи озоди иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи тиҷорати электронӣ ва соири мавзӯъоти муҳими ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Дар поёни ин дидор тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва иҷрои тарҳҳои мазкур эълом карданд.