Ноябр 23, 2022 19:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури мудирони гардишгарии узви CICA дар Тоҷикистон
    Ҳузури мудирони гардишгарии узви CICA дар Тоҷикистон

Раисони созмонҳои гардишгарии кишварҳои узви Таомул ва иқдомоти эътимодсозӣ дар Осиё (СИКА), аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи мубориза бо осори ҳамагири COVID – 19 ва ироаи кумаку ҳимояти мутақобил тавофуқ карданд.

СИКА як маҷмаи байналмилалӣ барои тақвияти ҳамкорӣ бо ҳадафи тазмини сулҳ, амнияту субот дар Осиё аст. Тарҳи эҷоди нишасти сарони Таомул ва иқдомоти эътимодсозӣ дар Осиё (СИКА) дар октябри 1992 мелодӣ дар чиҳилу ҳафтумин иҷлоси Маҷмаи умумии СММ ба манзури иртиқои равобити дуҷониба ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои осиёӣ бо ҳадафи эҷоди суботу барқарории амният дар минтақа матраҳ ва ин созмон дар соли 1996 ба таври расмӣ ташкил шуд. Нишасти сарони СИКА ҳар чаҳор соли як бор ва иҷлоси вузарои хориҷа ҳар ду соли як бор баргузор мешавад.

Акнун ин созмон 27 узв дорад ва дарбаргирандаи 12 узви нозири муштамил бар созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун СММ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Араб ва теъдоде аз кишварҳо, аз ҷумла Малайзия, Индонезия, Ветнам, Ҷопон, Украина ва Амрико аст.

Эрон, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Русия, Ҳинд, Фаластин, Муғулистон, Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Таиланд аз аъзои созмони СИКА ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, талошҳои муштарак барои бозсозӣ ва ташдиди табодули гардишгарӣ байни кишварҳои узви СИКА пас аз ҳамагирии Ковид - 19 аз дигар мавзӯоти мавриди тавофуқ дар нишасти маҷозии мудирони созмонҳои гардишгарии узви СИКА ба мизбонии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон буд.

Тавофуқ дар бораи роҳандозии масирҳои гардишгарии муштараки ҷадид бо дар назар гирифтани эминии гардишгарон, аз ҷумла ҳангоми сафар байни кишварҳои узви CICA аз дастовардҳои нишасти СИКА буд.

Хонум Чи Фанг, муовини мудири иҷроии дабирхонаи Сика бар аҳамияти тарвиҷи гардишгарии пойдор дар минтақа, эҷоди фурсатҳои даромадӣ барои мардуми маҳаллӣ, тақвияти дарки мутақобил ва дӯстӣ байни мардуму ҳифозат аз мероси табиӣ ва фарҳангии кишварҳои мақсад таъкид кард.

 

Барчасп