Филми “ Дов ” аз Тоҷикистон барои касби медали ЮНЕСКО – “Ганди ” рақобат мекунад
(last modified Thu, 24 Nov 2022 12:53:26 GMT )
Ноябр 24, 2022 17:53 Asia/Dushanbe
  • Филми “ Дов ” аз Тоҷикистон барои касби медали ЮНЕСКО – “Ганди ” рақобат мекунад

Муҳиддини Музаффар, коргардони филми “ Дов ” гуфт : Филм “ Дов ” бо кишварҳои Бангладеш, Булғористон, Ҳинд, Эрон, Бразилия ва Канада барои касби медоли ЮНЕСКО - Ганди дар панҷоҳу сеюмин ҷашнвораи байналмилалии филми Ҳинд рақобат мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, панҷоҳу сеюмин ҷашнвораи байналмилалии филми Ҳинд аз 20 то 28 ноябр дар Гоа – яке аз 29 иёлати Ҳинд баргузор мешавад . Ин ҷашнвора яке аз бузургтарин ҷашнвораҳои Осиё аст, ки дар он 187 филм аз 89 кишвар ба намоиш дармеояд .