Ширкати сафири Тоҷикистон дар Туркия дар нишасти муҳити зистии Италия
Ноябр 28, 2022 11:45 Asia/Dushanbe
Сафири Тоҷикистон дар Туркия дар нишасти "саҳми чанд фарҳангӣ дар шаклгирии фарҳанги мудерни зисти муҳити ва фарҳанги ҷадиди об" ширкат кард.
Ба гузориши Садои Хуросон, Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия ба даъвати Ҷорҷию Моропуди, сафири Италия дар анкара, дар ин нишаст ширкат ва суханронӣ кард.
Ашрафҷон Гулов пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон дар заминаи об ва вижаи чаҳорумин ибтикори даҳҳаи байналмиллалии иқдоми "об барои тавсиаи пойдор, 2018-2028"-ро барои ширкат кунандагон тавзеҳ дод.
50 ширкат кунанда аз ҷумла асотиди италияӣ ва турк, дипламатҳо, коршиносони ҳавзаи об ва муҳити зист ба сурати ҳузӯрӣ ва маҷозӣ дар ин ҷаласа ширкат карданд.
Бештар бихонед:
Барчасп