Даҳумин нишасти амниятии Ҳирот дар Тоҷикистон баргузор шуд
(last modified Thu, 01 Dec 2022 05:58:51 GMT )
Декабр 01, 2022 10:58 Asia/Dushanbe
  • Даҳумин нишасти амниятии Ҳирот дар Тоҷикистон баргузор шуд

Даҳумин нишасти амниятии Ҳирот бо унвони «низоми сиёсии ҳамашумӯл; улгӯҳо ва нақшаи роҳ» дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин аввалинбор аст, ки «нишасти амниятии Ҳирот» дар берун аз Афғонистон ва дар кишвари дигар баргузор шуд.

Мизбонии ин нишастро «Институти мутолиоти стротежии Афғонистон» ба ӯҳда дорад ва даҳ сол мешавад, ки ҳамасола дар мавриди масоили амниятии Афғонистону минтақа, баргузор шуд.

Ин нишаст яке аз муҳимтарин нишастҳо бо мавзӯи амният дар Афғонистон ва минтақа аст ва чеҳраҳои шинохта шуда ва намояндаҳои кишварҳои мухталиф аз саросари ҷаҳон дар он ширкат карданд.

Дар нишасти имсол, ки дар табъид баргузор шудааст, низ 200 нафар аз мақомоти кишварҳои мухталифу чеҳраҳои сиёсӣ ва матраҳи Афғонистон аз саросари ҷаҳон ширкат кардаанд.