Декабр 02, 2022 15:16 Asia/Dushanbe
  • Тухми мурғ гарон шуд
    Тухми мурғ гарон шуд

995. 8 миллион адад тухми мурғ то аввали ноябри имсол дар мурғдориҳои Тоҷикистон тавлид шуд.

Музаффар Мирзозода, муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт, 215 мурғдорӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки аз ин теъдод 102 воҳид тавлиди тухми мурғ, 99 воҳид тавлиди гӯшти мурғ, 8 воҳид тавлиди гӯшту тухми мурғ ва 6 воҳид дар парвариши чӯҷаи якрӯза фаъол аст.

Вай муътақид аст, қимати тухми мурғ қабл аз ҳар чиз ба ҳазинаи нигаҳдории паранда (ғизо + ҳазинаи барқ) бастагӣ дорад.

Ҳамчунин ба гуфтаи муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон афзоиши қимати тухми мурғ ва гӯшти мурғ иртиботи танготанге ҳам бо афзоиши ҳазинаҳои тавлид, аз ҷумла қимати гандум, кунҷолаи лубиё, кунҷолаи гӯшту устухон, маводи афзудании маъданӣ ва соири мавод барои тавлиди хӯроки махлут ва доруҳои пешгирикунанда дар баробари бемориҳои уфунии кишвар дорад.

 

Барчасп