Декабр 11, 2016 11:37 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти 5 сокини вилояти Хатлон ба зиндон ба иттиҳоми терроризм

Додгоҳи вилояти Хатлон 5 нафар аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми гароиш ба гурӯҳҳои террористӣ аз 7 то 15 сол ба зиндон маҳкум кард.

  Ба гузориши сойти ҳафтаномаи “Хатлон”, мақомоти ин додгоҳ гуфтаанд, ки Муҳаммадисо Алимуҳаммадов, сокини ноҳияи Шаҳритус ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ дар Русия,  ба 7 сол зиндон маҳкум шудааст.

   Зеро вай дар қаламрави Русия бо ошноӣ бо мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ иқдом ба ифтитоҳи сафҳае дар шабакаи интернетии «Одноклассник»  карда, наворҳои таблиғотии ин созмони такфириро барои дигарон ирсол ва аз ин афрод хостааст, ки ба ин гурӯҳ бипайванданд.

   Ҳамчунин бар асоси ҳукми Додгоҳи  вилояти Хатлон, 3 сокини ноҳияи Хуросон ва 1 нафар аз шаҳри Кӯлоб ба иттиҳом пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ва муқаддимачинӣ ба манзури анҷоми амалияти террористӣ дар шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистонро ба 12 то 15 сол зиндон маҳкум кардааст. Гуфта мешавад, ки ин афрод замони ҳузур дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир таҳти таъсири таблиғоти афроди вобаста ба ин гурӯҳи террористӣ ба узвияти ин созмони такфирӣ даромадаанд.

   Мақомоти додситонии Хатлон мегӯянд, ки алайҳи 435 нафар аз сокинони ин минтақа, ки дар таркиби гурӯҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, парвандаи ҷиноӣ ташкил кардаанд. Ҳамчунин аъзои 46 хонавода, шомили 7 кӯдаки ноболиғ дар Сурия ба узвияти гурӯҳи террористии ДИИШ даромадаанд.

  Мақомоти амниятии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд, ки аз ин теъдод 300 тан дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ кушта шудаанд.

 

 

Барчасп