Декабр 06, 2022 12:33 Asia/Dushanbe
  • Тавони илмӣ ва фаннии оби Теҳрон таҷрибаи арзанда барои Тоҷикистон аст

Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳошияи боздид аз маркази контроли оби Теҳрон гуфт : Ошноӣ бо тавони илмӣ ва фаннӣ ва вазъияти поиш ва контроли сифатӣ ва миқдории оби Теҳрон таҷрибаи арзанда барои Тоҷикистон аст .

Далери Ҷумъа афзуд : Дар заминаи обу барқ тамоюл ба баҳрамандӣ аз тавону тахассуси илмӣ ва фаннии ҳамсоягони эронии худ дар пружуҳои Тоҷикистон дорем .
Вай бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ ва забонии миёни ду кишвар гуфт : Шоиста аст, ки ду кишвари дӯсту мусулмони Эрону Тоҷикистон таҷрибаҳову тахассусҳои фаннӣ ва муҳандисии худро ба иштирок бигузоранд .
Вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон идома дод : Бо боздид аз ин марокиз ва ошноӣ бо фанновариҳои илмӣ ва таҷориби фаннӣ ва муҳандисии мутахассисони эронӣ, заминаи ҳамкории бахши хусӯсӣ дар ҳавзаи об осонтар хоҳад шуд .
Далери Ҷумъа-вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон ва раиси тоҷикистонии Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар паи  баргузории иҷлосҳои дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон ба Эрон сафар кардааст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп