Қадрдонии Муҳриддин аз равобити чандҷониба байни Тоҷикистону Юнеско
Сироҷиддини Муҳриддин аз сатҳу муҳтавои равобити чандҷониба байни Тоҷикистону ЮНЕСКО қадрдонӣ кард.
Дар таърихи 8 декабр мулоқоти Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури ЮНЕСКО бо Одри Азуле, мудири кулли ЮНЕСКО баргузор шуд.
Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддини Муҳриддин дар ин дидор аз сатҳу муҳтавои равобити чандҷониба байни Тоҷикистону ЮНЕСКО дар солҳои раҳбарии хонум Одри Азуле дар созмон қадрдонӣ кард.
Зимни мулоқот Сироҷиддини Муҳриддин ба сатҳу муҳтавои муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО тайи солҳои роҳбарии хонум Одри Азуле дар созмон баҳои баланд дод.
Гуфта шуд, ки ҳафтаи гузашта зимни иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Работи подшоҳии Марокаш ду номинатсияи муштараки Тоҷикистон - "Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ" ва "Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин" ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардиданд, ки ин иқдоми муҳиме барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.